Шумораи маҷруҳшудагони ҳамлаи террористӣ дар Эрон ба ҳашт нафар расид
ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи маҷруҳшудагони ҳамлаи террористӣ дар масҷиди Шоҳчароғи шаҳри Шерози Эрон ба ҳашт нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус РИА «Новости» бо истинод ба муовини ҳокими вилояти Форс оид ба масъалаҳои сиёсӣ Исмоил Казол Софлӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои намояндаи ин ниҳод, дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва ҳашт нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамаи шахсони осебдида ба марказҳои тиббӣ интиқол дода шуданд.
Қаблан расонаҳои эронӣ иттилоъ дода буданд, ки ба масҷиди Шоҳчароғ ду нафар террорист ҳамла намуданд, ки бар асари он чор нафар ҳалок шуданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






