Соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 1936 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил намуданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 1936 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 23 давлати дунё таҳсил намуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи мазкур иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки аз ҷумла дар сатҳи тодипломӣ 1918 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 6 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 12 нафар аз давлатҳои Канада, Финландия, Британияи Кабир, ИМА, Арабистони Саудӣ, Арманистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Федератсияи Русия, Бангладеш, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Давлати Исломии Афғонистон, Зимбабве, Руанда, Нигерия, Латвия, Португалия ва Ҳабашистон таҳсил мекунанд.
Дар донишгоҳ таҳсил бо се забон — давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 461 (61,7%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 180 (24,1%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 106 адад (14,2%)-ро ташкил медиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд






