СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Солҳои охир бо мақсади иҷрои тавсияҳои сохторҳои СММ дар Тоҷикистон санадҳои нав қабул гардидаанд
ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 августи соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тасдиқ гардид.
Қабули ин стратегия намунаи олии ташаббусҳо ва қадамҳои устувору боварибахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Дар асоси ҳамин қарор ҳамчунин Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тасдиқ гардид, ки зиёда аз 140 чорабиниро бо муҳлат ва масъулони иҷро пешбинӣ менамояд. Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, аз ҷумла мустаҳкам намудани фаъолияти котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак ва ташкили махзани ягонаи захиравии маълумоти оморӣ ва намуди дигари маълумоти ба ҳама шахсони масъул дастрас вобаста ба фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсонро фаро мегирад.
Тавре дар стратегия омадааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба зиммаи худ гирифтааст, аҳамияти ҳамаҷониба дода, оид ба таҳияи сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мутобиқсозии қонунгузории мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва пайваста ислоҳоти низоми давлатиро бо истифода аз муносибатҳои ба ҳуқуқи инсон асосёфта мегузаронад.
Таъкид мешавад, ки солҳои охир бо мақсади иҷрои тавсияҳои сохторҳои СММ дар Тоҷикистон санадҳои нав қабул гардида, ба қонунгузории мамлакат тағйиру иловаҳо ворид шуданд.
Соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, 27 майи соли 2009 аввалин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст. Моҳи апрели соли 2012 ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расмиёти аккредитатсия дар зеркумита оид ба аккредитатсияи Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии ниҳодҳои миллӣ оид ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон гузашта, дар натиҷа бо мақоми «B» аккредитатсия шуд ва тавсияҳои дахлдор гирифт. Сохторҳои СММ ба Тоҷикистон якчанд тавсияҳоро ҷиҳати таҳкими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба Принсипҳои Париж, ба монанди мустақилияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доданд.
Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2012 Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020-ро қабул намуд. Барнома дар асоси Даҳсолаи дуюми СММ оид ба ҳуқуқи инсон таҳия шуда, ҳадафи он таълим ва омӯзиши судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои таълимии миёна ва олӣ мебошад. Мақомоти давлатӣ тавассути низоми худии такмили ихтисос, инчунин дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла тайёр кардани дастурҳои методӣ ва дастурамалҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсонро мегузаронанд.
Бояд таъкид намуд, ки такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ ва мақомоти дигари байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон таҳия ва қабули чораҳои маҷмуӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон мутобиқи тавсияҳои ниҳодҳои гуногуни СММ равона гардида, беҳтар намудани механизми ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ оид ба ҳуқуқи инсон байни мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар ҳамкории зич бо ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, андешидани тадбирҳои таъсирбахш оид ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон тавассути амалӣ гардонидани барномаҳои омӯзишӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, инчунин тайёрии касбӣ барои намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо, судяҳо, адвокатҳо ва мутахассисони дигар, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма, амалигардонии пурратари маҷмуи чораҳо оид ба татбиқи тавсияҳои механизмҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, таҳия ва ҷорӣ намудани низоми фарогиранда, ҳамоҳангсозанда ва самараноки ҷамъоварии маълумоти ба синну сол, ҷинс, мавқеи ҷуғрофӣ, тобеияти нажодӣ, вазъи иқтисодю иҷтимоӣ, маъюбӣ гурӯҳбандишуда ва ғайра, инчунин гузаронидани таҳлил, мониторинг ва баҳогузории амалигардонии ҳуқуқи инсон бо мақсади таҳияи сиёсати суроғавӣ дар самти ҳуқуқи инсон, тасдиқ ва эътироф намудани шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва идомаи таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон бо роҳи ташкили машваратҳо ва тавсеаи муколамаҳо, ҷалби мунтазам барои иштирок дар банақшагирӣ, амалигардонӣ, мониторинг ва баҳогузории сиёсат, нақшаҳо ва барномаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 мебошанд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки амалисозии ин Стратегияи миллӣ ба ҷоринамоии муносибати бонизом ҷиҳати ба даст овардани мақсадҳо ва таъмини амалҳои мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, муқаррар намудани механизми самаранок ва дастраси механизми риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат мусоидат намуда, муносибати ба ҳуқуқи инсон асосёфта, ки барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти ҳуқуқи инсон хизмат намуда, аз ҷониби шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ иҷрои уҳдадориҳоро пешбинӣ менамояд ва тавассути он фаъолиятнокии шаффофтар ва низоми ҳисоботдиҳии идоракунии давлатӣ муҳайё мешавад, мушаххасӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳо ва муайяншаванда будани натиҷаҳои амалисозӣ ва таъмини баробарию роҳ надодан ба табъиз ҳангоми амалинамоӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, аз ҷумлаи талаботи асосии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ ҳадафи асосии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатии муайянсози самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкунӣ ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ буда, дар оянда тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон фарогиртар ва устувортар мегардонад.
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Директори АМИТ «Ховар»