СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2023 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаи «Истиқлол» бо 19 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст

Август 15, 2023 17:13

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даври ҳафтуми мусобиқаи Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид. Пешсафи ягонаи чемпионат дастаи «Истиқлол»-и Душанбе мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баъди ҳафт давр «Истиқлол» бо 19 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Соро компания» бо 16 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад. Зинаи сеюмро «Амонатбонк» бо дарёфти 10 хол касб   намудааст.

19-20 август бозиҳои даври ҳаштуми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 15, 2023 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд