Талаботи ҷаҳонии тилло дар шашмоҳаи аввал аз ҳисоби хариди фаъоли бонкҳои марказӣ нигоҳ дошта шуд

Август 3, 2023 09:08

ДУШАНБЕ, 03.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Талаботи умумӣ ба тилло, аз ҷумла ҷараёнҳои биржавӣ ва ғайрибиржавӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 2460 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% афзудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи сешанбе Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC) маълумот додааст.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки ба истифодаи тилло хариди рекордии бонкҳои марказӣ, шароити мусоиди сармоягузорӣ ва талаботи устувор ба ҷавоҳирот таъсири мусбат расонидааст.

Тибқи маълумоти Шурои ҷаҳонӣ оид ба тилло, бонкҳои марказӣ афзоиш додани захираҳои тиллоро идома додан два зимнан ҳаҷми харид дар давраи ҳисоботӣ ба 387 тонна расид.

Инчунин мувофиқи маълумоти Шурои ҷаҳонии тилло, ҳаҷми истихроҷи тилло дар шаш моҳи соли равон сатҳи рекордиро нишон дода, ба 1781 тонна расидааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ  «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 3, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад