Телефон дар хусуси ҷаримаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ маълумот медиҳад

Август 1, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хизматрасонии «Шаҳри бехатар» аз оператори имконияти нави рақамӣ ба соҳибони мошинҳо кумак мекунад, ки дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда тавассути SMS огоҳ гардида, ба мушкилоти вобаста ба сари вақт напардохтани онҳо дучор нашаванд. Маълумот дар бораи қоидавайронкуниҳои сабтшуда пас аз пайдо шудан дар махзани Бозрасии давлатии автомобилӣ дастрас мегардад. Нархи хизматрасонӣ 7 сомониро дар як моҳ бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андози аксиз ташкил медиҳад.

Вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ( ҚҲР) метавонад ба таври автоматӣ бо ёрии видеокамераҳо сабт шавад. Дар ин маврид ронандагон аксар вақт аз ҷаримаҳо дер хабардор мешаванд. Ва ин бо мушкилоти нав таҳдид мекунад, масалан, мошинеро, ки ҷаримаҳои пардохтнашуда дорад, аз қайди Бозрасии давлатии автомобилӣ баровардан ва фурӯхтан мумкин нест. Хизматрасонии «Шаҳри бехатар» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба соҳибони мошинҳо кумак менамояд, ки худро аз душвориҳо канор гиранд.

Моҳияти хизматрасонӣ аз ин иборат аст: истифодабаранда SMS-дархост бо матни «СТАТУС» ба рақами 0008 мефиристад. Агар дар махзани маълумоти Бозрасии давлатии автомобилӣ маълумот дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда мавҷуд бошад, соҳиби мошин паёми ҷавобиро бо нишон додани миқдори ҷаримаҳо ва намуди қоидавайронкунӣ, масалан, далели гузаштан аз ранги сурхи чароғак ё убур кардани хати яклухти роҳ қабул менамояд. Инчунин имконияти дидани аксҳоро аз камераҳои назоратӣ доред ва метавонед аниқ ннамоед, ки вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маҳз дар куҷо содир шудааст.

Ҳангоми набудани маълумот дар махзани Бозрасии давлатии автомобилӣ ба рақами истифодабарандаи хизматрасонӣ SMS бо матни «Аз рӯи мошини шумо ҷарима ошкор нашудааст» меояд.

Барои пайвасткунии «Шаҳри бехатар» ба муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар телефони худ рақамчинӣ кардани дархости *0008# ва пахши тугмаи даъват кифоя аст. Барои танзими пурра бояд рақами давлатии мошин ва рақами шаҳодатномаи техникӣ нишон дода шавад.

Дархостро ба рақами 0008 ҳар рӯз фиристодан мумкин аст. Сари вақт гирифтани маълумот ба дарҳол супоридани ҷаримаҳо ва пешгирии ҷамъшавии маблағҳои калоне, ки аз буҷети оила ҷудо намуданашон душвор аст, имкон медиҳад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Август 1, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад