Варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ 10 медал ба даст оварданд

Август 28, 2023 18:47

ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ 10 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур 21-26 август дар шаҳри Актауи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар он варзишгарони шаҳри Хуҷанд 10 медал: 2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Август 28, 2023 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад