Зиёда аз 370 нафар сокинони вилоятҳои шимолу шарқии Чин аз обхезиҳо зарар дидаанд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 370 нафар сокинони вилоятҳои шимолу шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз обхезиҳо зарар дидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «БелТа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Синхуа» хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки бинобар шамолҳои шадид, жола ва обхезиҳое, ки тӯфони «Доксури» ба амал овард, беш аз 187 ҳазор сокини маҳаллӣ дар вилояти Ҳейлунтсзян кӯчонида шуданд. Бориш беш аз 258 гектар замини киштро хароб намуд, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ беш аз 23 ҳазор манзил, инчунин 149 роҳрав осеб дида, ё пурра хароб гардидаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






