32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Турсунзода 24 км роҳҳои байнидеҳавии ҷамоати 10-солагии Истиқлолият мумфарш гардид

Сентябрь 7, 2023 13:16

ДУШАНБЕ, 07.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода 1,3 км, дар деҳаҳои Пайканд 1,2, Хуррамзамин, Нуристон 7 км, деҳаҳои Бахтовар 1,2,3, Нурафшон-1 ва 2 зиёда аз 4 км роҳи нақлиётгарди байнидеҳавӣ баъд аз таъмиру барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни ба истифода додани роҳ муовини аввали Раиси шаҳри Турсунзода Сайидамин Остоназода ва муовини раиси шаҳр Суҳроб Каримзода, инчунин сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Масъулин дар ин ҷо бо сокинон суҳбати самимӣ намуда, аҳолиро даъват намуданд, ки дар вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ саҳми бештар гузоранд. Дар ин баробар аз тарафи масъулин ба фаъолон ва саҳмгузорони ин иқдоми нек сипосномаҳо тақдим гардид.

Ҳамчунин бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи асосии деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба истифода дода шуд. Роҳи мазкур солҳои зиёд асфалтпӯш нашуда буд. Баъди иқдом гирифтани соҳибкорони саховатманд Ҳоҷӣ Умаралӣ Сафаров ва сокини деҳа Салимҷон Маҷидов роҳи мошингард пурра асфалтпӯш шуд.

Ташаббуси неку созандаи соҳибкорон барои аҳли деҳа дар арафаи ҷашни истиқлололият туҳфаи арзишманде хоҳад буд. Зеро чунин кори созанда орзуву омоли чандинсолаи аҳолии деҳаро амалӣ сохт.

Мардуми деҳаи Ҷовидон ояндаи наздик нақша доранд, ки симчӯбҳои фарсудаи деҳаро ба симчӯбҳои нави бетонӣ иваз намоянд. Ҳамчунин масъалаи чароғонкунии кӯчаҳо низ дар нақша аст.

Ёдовар мешавем, ки имсол сокинони сарбаланди мамлакат 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Таърих собит намудааст, ки даст ёфтан ба истиқлолият муборизаву ҷоннисорӣ ва ваҳдату ҳамфикрии миллиро тақозо менамояд, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Ин масъулият ва рисолати ҳар фарди ватандӯсти ин сарзамин бояд бошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 7, 2023 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст