Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге масъалаи беҳтар намудани солимии аҳолӣ дар минтақаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар шаҳри Душанбе Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге мулоқот намуданд, ки зимни он масъалаи беҳтар намудани солимии аҳолӣ дар минтақа баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.
Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солимии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинон дар ҷумҳурӣ якчанд тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шудаанд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба «Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025» мубодилаи афкор намуда, таҳияи чунин ҳуҷҷати мубрамро баҳри беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.
Баъдан Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рафта, дар машварати маҷозӣ бо коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок ва сухан намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






