Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге масъалаи беҳтар намудани солимии аҳолӣ дар минтақаро баррасӣ намуданд

Сентябрь 15, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 15.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар шаҳри Душанбе Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Директори минтақавии Дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо Ҳанс Клюге мулоқот намуданд, ки зимни он масъалаи беҳтар намудани солимии аҳолӣ дар минтақа баррасӣ шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солимии аҳолӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинон дар ҷумҳурӣ якчанд тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ шудаанд ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба «Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025» мубодилаи афкор намуда, таҳияи чунин ҳуҷҷати мубрамро баҳри беҳтар намудани вазъи солимии аҳолӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.

Баъдан Ҷамолиддин Абдуллозода ва Ҳанс Клюге ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рафта, дар машварати маҷозӣ бо коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ​ иштирок ва сухан намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад