ҲАР СУХАН ҶОЕВУ ҲАР НУКТА МАҚОМЕ ДОРАД. Чанд мулоҳиза дар бораи китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман»-и Абдухалил Холиқзода

Сентябрь 12, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мулоҳизаҳои зер назари як хонандаи одӣ ба ин китоб аст, ки чанде аст боиси гуфтугузорҳо дар фазои маҷозӣ гардида, ниҳоят муаллифаш аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ боздошт шуд ва ҳоло тафтиш  идома дорад.

Дар назари аввал дар ин китоб, ки иқрор бояд шуд, ҳунармандона, чун намунаи хуби публитсистика иншо шудааст,  назари муаллиф оид ба ҳодисаю воқеаҳое, ки худ шоҳид будааст, шунидааст ва ё дар бораашон хондааст, равандҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ инъикос гардидааст.

Тавре мегӯянд, “ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”. Мутаассифона, муаллиф дар таълифи китоб ва баёни назару андешаю мулоҳизаҳо инро аз мадди назар дур гузоштааст.

Нахуст, мулоҳизаҳои муаллиф дар бораи  сокинони ин ё он минтақа боиси малоли хотири  онҳо гаштааст. Аз рӯи  гуфтору кирдори чанд нафар  ба мардуми як маҳал баҳо додан аз рӯи инсоф нест ва муаллиф шояд нахоста ба ҷароҳати носур, ки онро “маҳалгароӣ” ном аст, даст задааст ва ё ноқидонаш онро ҳамин гуна пазируфтаанд.

Баъдан, муаллиф аз соҳибкорони муваффақ, молики шифохонаи пуровозаи “Сино” ва шояд дигар моликият ҳам ҳаст ва ӯ тавре аз китобаш аён аст, ҳама равандҳоеро, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат амалӣ шудаанд ва мегиранд, бевосита шоҳид будааст, иштирок намудааст ва дар китоби мавриди назар аз онҳо ёдовар шудааст.    Ӯ худ чун соҳибкор парвардаи   ҳамин раванд аст.  Ба таври дигар, замони истиқлол шароит фароҳам овард, ки соҳиби моликият, обрӯву эътибор гардад. Албатта, дар сию ду сол, ки аз замони истиқлоли мамлакат мегузарад ва қисмати ин солҳо мамлакат дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ва кашмакашҳо қарор дошт ва бо талошу ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ин монеаҳо бартараф шуда, ба рӯзҳои осоишта расидему ҳоло рӯ ба рушд  ниҳодаем, даъво кардан, ки ҳама корҳо дар сатҳи олӣ қарор доранд ва мушкилоте надорем,  назари содалавҳона мебуд. Роҳбарияти олии мамлакат  дар мулоқоту суҳбатҳо ва суханрониҳо дар ин бора зиёд таъкид менамоянд.  Далели  ин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи  Донишкадаи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аст, ки дар он вазъ ва ислоҳоти соҳаи маорифи мамлакат бо камоли дилсӯзии падарона таҳлил шудааст.

Муҳимтар аз ин, Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат роҳи дурусти рушдро, ки дар  Конститутсияи мамлакат, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқӣ унвон шудааст, пеш гирифтааст ва аз мушкилоти мавҷуда, ки аксаран таъсири  вазъи сиёсию иқтисодии муташанниҷи ҷаҳон низ ҳаст, роҳбарияти олии мамлакат беҳтар ва бештар огоҳӣ дошта, барои ҳалли онҳо пайваста ва бо таҳаммул талош меварзад. Далели муътамади он   мушкилоти гӯё ҳалнашавандаи бунёди НБО-и “Роғун” буд, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат ниҳоят роҳи ҳалли худро ёфт, ду агрегати он ба кор даромад ва ҳоло барои мавриди истифода қарор додани агрегати сеюм корҳо идома доранд.  Зиёда аз ин Тоҷикистон  онро бо маблағи худ месозад ва ин барои оянда хеле муҳим аст.

Муаллиф нафари сода нест, бо вуҷуди ин баҳои он ба  равандҳои имрӯзӣ на ҳамеша  ба манфиати рӯз аст. Беҳтар мебуд, мулоҳизаҳояшро дар бораи беҳдошти  равандҳои ба назари муаллиф на ҳамеша судманд на  дар китоби мавриди назар, ки боиси фаҳмишу баҳодиҳиҳои гуногун гашт, балки бо далелу бурҳон ва  пешниҳодҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо ба мақомоти марбута дилсӯзона  ироа менамуд.

Озодии сухану баёни андеша хуб аст, агар он ба манофеи рӯзи ҷомеа созгор бошад. Ва ниҳоят боз ҳамон фармудаи халқро такрор менамоям: “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”. Муаллиф, афсӯс, ки аз ин фармудаи пурҳикмат дар таълифи китоби мавриди назар кор нагирифтааст ва оқибати ин рӯзе аст, ки ҳоло ба сараш омадааст.

Дар фарҷом пешниҳоде доштам, ки шояд мавриди пазириш бошад. Ҳарчанд дар мо сензура нест, хуб мебуд, дар ин замон, ки ҳар нафаре хоҳад ҳар навиштаашро ба шакли китоб, бо пардохти маблағ дар ҳар куҷо чоп менамояд, дар назди нашриёт, чӣ давлатию чӣ ғайридавлатӣ, дар ҳайати олимон, донандагони соҳа расман Шурое бошад, то ҳусну қубҳи навиштаҳоро то замоин ба чоп расидани он нишон диҳад ва  хулосаи он барои ноширон ҳатмӣ дониста шавад.

Назар САБУРЗОДА,
сокини шаҳри Панҷакент, омӯзгори собиқадор

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 12, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо