ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДОРАД ХАЛҚИ ОЛИШОНИ МО. Дар Тоҷикистон онро ҷашни дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва якдилию ваҳдат меноманд
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Инак, 32 сол мешавад, ки дар саросари мамлакат 9 сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Дар ин муддат мамлакати мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сол то сол рушд меёбад.Чунин изҳори назар намудааст муовини директори
Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза РАҲМАТУЛЛОЕВА.
Номбурда иброз дошт, ки шаҳди истиқлолро мардуми тоҷик 32 сол аст, ки чашида, онро чун гавҳари чашм ҳифзу нигаҳдорӣ менамояд. Тоҷикон аз миллатҳои асили дунё мебошанд ва таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо барои наслҳои имрӯзу фардо тамаддуни бой ба мерос мондаанд.
«Дар воқеъ, агар назаре ба таърих гузорем, шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ дар таъмини устувори фарҳангу тамаддуни миллат нақши муҳим бозидаанд. Дар замоне, ки истилогарони араб ҳукмфармоёни муҳиту мавқеи тоҷикҳо гардиданд, забони арабӣ ба ҳайси забони дини мубини ислом, илму адаб ва фарҳанги ниёгони мо интишор ёфт ва мақоми худро дар ҷомеаи мо гузошта буд. Аммо, ба тақдири неки ниёгони мо Ҳаким Фирдавсии Тусӣ бо «Шоҳнома»-и безаволаш пешгири идомаи ин раванд гардид. Ӯ ба ин васила рисолати фарзандии худро дар фарҳанги миллӣ ва зинда намудани забони модарӣ ба иҷро расонд. Ҳаким Фирдавсӣ таърихи ҳазорсолаҳои гузаштаи ниёгонро эҳё ва инъикос сохта, достонҳои нодиру ҷолиб аз аҳди Ҷамшед, давлатҳои Каёниён, Ҳахоманишҳову Кушониён, Ашкониёну Сосониён, давлатҳои Суғду Бохтар, Хоразму Парфия, Ҳайтолиён ба мо ба мерос гузошт. Амирони Оли Сомон, бахусус Исмоили Сомонӣ бо такя ба ҳидоятҳои аҳли илму хирад суннатҳои гузаштагон ва маънавиёту рӯзгори муназзамро аз нав эҳё намуданд. Исмоили Сомонӣ фарҳанг, тамаддуни давлатдорию шаҳрсозиро ба хадде мукаммалу муназзам сохт, ки тайи беш аз ҳазор соли ҳукмфармоии баъдии бегонагон ин низоми давлатдорӣ ва забони коргузории он, яъне забони тоҷикӣ қариб бетағйир боқӣ монд», -тазаккур дод ў.
Фирӯза Раҳматуллоева гуфт, ки аввалин баромадҳои Сарвари давлат умедбахш буданд ва ояндаи некро ба мо ёдрас менамуданд. Ин аст, ки имрӯз соҳиби Ватани соҳибистиқлолу озод ҳастем. Дар хоки поки Ватани хеш хушнудона қадам мезанем, босубот меҳнат мекунем, осуда мехобем. Ба Пешвои муаззами худ ҳамчун ҳомии сулҳу ваҳдат такя намуда, сиёсати оқилонаи он касро ҳамеша дастгирӣ менамоем. Истиқлолият мазмуни сиёсати ягонаи дохилӣ ва берунии мамлакатро муайян менамояд.
«Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дохилию хориҷии хешро пеш бурда, намегузорад, ки ба он дахолат намоянд. Ҳама гуна масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, муносибатҳои байналхалқиро мустақилона ҳал менамояд. Чунин аст маънии истиқлолияти халқу миллати озод ва давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон. Мо бояд тарбияи меҳанпарастӣ ва ватандӯстиро дар қалбҳо ҷой намоем ва дар дилу дидаи мардум бори дигар меҳри ин марзу бум, ин сарзамини озодаро ҷой намуда, ба қадри истиқлол- неъмати хуши зиндагӣ бирасем. Пеш аз он ки дар бораи истиқлолият андешаронӣ намоем, бояд аввал чӣ маъно доштани ин мафҳумро донем. «Истиқлол»-маънояш мухтору мустақил будан, озод будан, дарк кардани коре, бе мудохилаи касе соҳибихтиёри худ будан, мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ аст. Яъне, ин калима агар дар алоҳидагӣ маънии озодии ҳар инсонро дар назар дошта бошад, дар маҷмуъ озодии сарзамине, мамлакатеро дар худ таҷассум менамояд»,- илова менамояд ҳамсуҳбати мо.
Мавсуф изҳори хушнудӣ менамояд, ки «истиқлолият дар ҷомеаи имрӯзаи мо меваи дӯстӣ, ҳамбастагӣ, якдилию ваҳдатро ба бор овардааст. Ҳамасола ин ҷашнвора бо худ идҳои дигареро армуғон меорад, ки боиси шодию нишоти мо мегарданд. Аз ин рӯ, ҷумҳурии азизи мо руҳияи идона дорад. Шоири ширинкаломи тоҷик Боқӣ Раҳимзода гӯё ҳолати имрӯзаи идонаи Тоҷикистонро дар ашъори безаволаш сурудааст:
Ҷашни истиқлол дорад халқи олишони мо,
Ҷилва дорад аз тароват мулки бепоёни мо.
Дар диёри мо баҳори дӯстӣ гул кардааст,
Мефизояд з-ин сабаб ҳам шуҳрати даврони мо.
Тоҷикистон машъали Машриқзамин гардидааст,
Дар фурӯғаш менамояд толеи пуршони мо.
Яке аз самараҳои истиқлолият ин аст, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба рӯи ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Тоҷикистон — ин сарзамини аз ниёгон меросмонда дар роҳи истиқлол қадамҳои устувор ба пеш гузошт. Лоиқи бузург низ онро бо самимият истиқбол намуда, хуб гуфтааст:
Хуҷаста бошадо, иқболи тоҷик,
Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.
Гар истиқлолаш истиқбол дорад,
Ҳумоюн бод, истиқлоли тоҷик!
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Беморони гирифтори диабети қанд дар як шабонарӯз бояд 5-6 маротиба хӯрок истеъмол намоянд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд






