Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд

Июль 11, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 115-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти соҳаи маориф бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон ва рушди соҳаи маориф бунёд шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 36 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд.

Бинои таълимӣ дорои 21 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 63 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълиму тадрис ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд.

Раванди таълим дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ ба роҳ монда шудааст. Қабули хонандагон ба муассиса бо роҳи санҷиш ва баҳогузории донишу маҳорат сурат мегирад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро мунтазам назорат ва таҳлил намоянд, омӯзгоронро пайваста ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намуда, барои таълифи дастурҳои дарсии мутобиқ ба воқеияти миллию ҷаҳонӣ иқдом намоянд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти як қатор иншоот, аз ҷумла муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаи Суҷина барои 120 кӯдак, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Косатарош барои 520 хонанда дар ду баст, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳоти Сор барои 120 хонанда, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маркази шаҳр бо 63 ҷойи корӣ, бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар деҳоти Саразм, бинои ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва меҳмонхонаи Фаризи дорои 60 ҳуҷра дар маркази шаҳри Панҷакентро ифтитоҳ намуданд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 дар шаҳри Панҷакент 11.07.2025

Июль 11, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди роҳи дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад