Беш аз 500 корманди Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии JVI такмили дониш намудаанд

Сентябрь 28, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Институти Муттаҳидаи Вена (JVI) беш аз 500 корманди сатҳҳои гуногуни Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои таълимии JVI иштирок намуда, сатҳи донишу малакаи худро баланд бардоштаанд. Ин нукта ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои нави бозомӯзии мутахассисон ва амалӣ намудани чорабиниҳои таълимӣ дар меҳвари  мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва директори JVI Эрве Жоли қарор гирифтанд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳоким Холиқзода  ба Институти Муттаҳидаи Вена барои ҳамкории судманд ҷиҳати ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ, ки дар сатҳи олии ҳирфаӣ доир гашта, мавзуъҳои муҳими бахшҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкиро фаро мегирад, арзи сипос намуд. Гуфта шуд, ки JVI яке аз институтҳои пешбари молиявӣ маҳсуб шуда, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони ташкилоти молиявии давлатӣ ва бонкҳои марказӣ нақши муҳим дорад ва саҳми он дар бахши баланд бардоштани дониши тахассусӣ ва омода намудани мутахассисони бахши иқтисод ва молия назаррас арзёбӣ мегардад.

Чорабиниҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби JVI ташкил мешаванд, доираи васеъ, аз қабили таҳияи сиёсат ва идораи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории молиявӣ, баҳисобгирии макроиқтисодӣ ва молиявӣ, ҳамчунин дигар мавзуъҳои тахассусиро дар бар мегиранд.

Директори JVI Эрве Жоли иброз дошт, ки мулоқоти ӯ бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва сафараш ба Тоҷикистон, ки маротибаи аввал доир мешавад, барои JVI муҳим аст.

          АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2486 сомонӣ муқррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1060 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2480 сомонӣ муқррар шудааст
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2482 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0980 то 0.1077 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2492 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.5000 то 10.7886 сомонӣ муқррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқррар шудааст