Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба аҳолӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ 75 ҳазор гектар қитъаи замин тақсим гардид

Сентябрь 12, 2023 19:06

ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум 75 ҳазор гектар қитъаи замин ҳамчун хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон ҷудо гардид.

Қитъаҳои замин тибқи тартиб ба сокинони мамлакат дар заминҳои обёришаванда то 0,15 гектар ва дар заминҳои лалмӣ 0,50 гектар тақсим гардиданд.

Дар айни ҳол сокинони  ҷумҳурӣ онро пурсамар истифода мебаранд. Зироати гуногун кишт намуда, аз он дар як сол ду-се ҳосил мегиранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дорад.

Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шуд. Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо намуданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Ҳукумати мамлакат тайи замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид, ки  бо ҳамин роҳ мо метавонем ба суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ муваффақ гардем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 иброз намуданд, ки «вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон–ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Солҳои охир бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шуд».

Бале, таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» соли 2023 ба миқдори 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита навъҳои «Лодос» 105 тонна, «Перла С» 30 тонна, «Аря» 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои «Гала» 400 тонна, «Кроне» 130 тонна ва 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ гардида, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас шуд. Барои кишти соли 2023 аз хориҷи ҷумҳурӣ ба миқдори 589,5 кг тухмии сабзавоти гибридии насли якум, чигити тухмии гурӯҳи элита 21,25 тонна ва 300 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита аз ҳисоби соҳибкорон ва шарикони рушд ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас гардид.

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ва аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи «Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ва «Дастгирии ғизои мактабӣ» татбиқ гардида истодааст, ки татбиқи самаранокии лоиҳаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар 10 соли охир бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми ҷумҳурӣ танҳо 7,2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардид.

Замин чун дигар сарватҳои табиат боигарии асосии  ҳар давлат мебошад. Аз он сатҳи зиндагии аҳолӣ, имконияти иқтисодиву иҷтимоии мардум вобаста аст.

Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву суҳбатҳо бо аҳли ҷомеа оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста таъкид менамоянд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2023 19:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст