Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад

Апрель 13, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. То соли 2029 Тоҷикистон истифодаи гидрофторкарбонҳо — газҳои дорои таъсири баланди гармхонаиро то 70 фоиз коҳиш медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар робита ба ин дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барномаи ҳамгиро оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва рушди сардкунии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардида, аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи калидии лоиҳа коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо — газҳои дорои таъсири баланди гармхонаӣ то 70 фоиз то соли 2029 мебошад. Ин тадбир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал мусоидат мекунад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа таваҷҷуҳи асосӣ ба якчанд самтҳои муҳим, аз ҷумла такмил додани заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, рушди иқтидори касбии мутахассисони соҳаи сардкунӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар равона карда мешавад.

Ҳамзамон дар раванди татбиқи лоиҳа ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҷалби фаъоли занон ба фаъолияти экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад.

Лоиҳа барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ гардида, дар доираи механизми татбиқи миллӣ амалӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи муваффақонаи лоиҳа интизор меравад, ки сатҳи истеъмол ва ихроҷи гидрофторкарбонҳо коҳиш ёбад, иқтидори миллӣ дар самти сардкунии устувор тақвият пайдо намояд, сармоягузориҳои бахши хусусӣ ҷалб гарданд, инчунин пешрафти назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ таъмин карда шавад.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён барои густариши ҳамкории минбаъда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто

Апрель 13, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд