35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе доир ба ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баргузор гардид. Дар он се масъала: ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар машварат иброз гардид, ки яке аз иқдомҳои назарраси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар солҳои охир, муаррифӣ ва таблиғи арзишҳои миллӣ, тақвият бахшидани худшиносию ватандустӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони мамлакат аст.
Аз иштирокчиён даъват шуд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланди ҳизбию ватандорӣ фаъолият намоем.
Аз ҷониби иштирокчиёни машварат масъалаи баррасишуда мавриди муҳокима қарор гирифта, ба раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа ва дар сатҳи баланд иҷро намудани масъулияти ҳизбию шаҳрвандӣ ва оинномавӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






