Дар деҳаи Моҳпораи деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Моҳпораи деҳоти Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтарсозии сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҳадафҳои меҳварӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҳз бо ҳамин мақсад ин бинои замонавӣ дар деҳаи Моҳпора бунёд ва дар он барои мардум шароити мусоид фароҳам гардид.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи бинои нави бунгоҳи саломатӣ таъкид намуданд, ки бо иқдому талошҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ шароити тамоми инфрасохтори сатҳи деҳот марҳила ба марҳила беҳтар гардида, барои сокинон шароити муосири кору хизматрасонӣ таъмин мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки қаблан сокинони деҳаи Моҳпора бо сабаби набудани чунин иншооти тиббии замонавӣ масофаи 15 километрро тай намуда, бо мушкилиҳои зиёд барои табобат ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба маркази ноҳияи Данғара мерафтанд.
Акнун ин мушкилӣ бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатманди деҳаи Моҳпора, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф гардида, ҳоло табибон ба беш аз 100 хоҷагӣ хизмат мерасонанд. Иншоот аз 4 ҳуҷраи корӣ бо дарназардошти ҳуҷраи қабули беморон иборат буда, барои анҷоми саривақтии хизматрасонии тиббӣ тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва маводи доруворӣ аз ҷониби
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии ноҳия дастрас гардидааст.
Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар сохтани инфрасохтори зарурӣ минбаъд тадбирҳои мушаххаси ободонӣ идома дода шуда, бо ин восита сатҳу сифати зиндагии сокинон боз ҳам беҳтар гардонида мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






