Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид

Сентябрь 30, 2023 15:01

ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар заминаи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус ва бо мақсади ба истифода додани Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус намояндагони ин кишвар ба ДМТ ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии Марказ Вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Ҷумҳурии Белорус Сергей Бартош, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон, роҳбарияти вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ меҳмонон аз тамошои дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти Парки технологии донишгоҳ шинос шуданд.


Зимнан ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар сухан гуфта, дар самти густариш бахшидани ҳамкориҳо дар заминаи факултети муштаракаи ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус инчунин, ҷиҳати ҷоннок намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф таклифу пешниҳодҳои судманд намуд. Таъкид шуд, ки Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус ҳамкории судманд дорад ва дар доираи ин ҳамкорӣ факултети муштараки ДМТ бо МТО Беларус аз соли 2015 фаъолият мекунад.

Сипас меҳмонон аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуда, бо тамоми маводи дар он маҳфуз буда ошноӣ пайдо карданд. Меҳмонон ба сохт ва маводи ҷамъоваришудаи Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат баҳои баланд доданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2023 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад