Дар минтақаи Рашт Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм оғоз гардид
ЛАХШ, 16.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 12 сентябр дар минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун Чемпионати футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм оғоз гардид. Дар ин хусус котиби масьули Федератсияи футболи минтақаи Рашт Усмоналӣ Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футболи шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш иштирок доранд. Мусобиқа як моҳ идома ёфта, дастаҳо дар майдони худ ва дар сафар бо ҳам бозӣ менамоянд.
Ҳамаи дастаҳо аз чониби Федератсияи футболи Тоҷикистон бо либос ва тӯбҳои футбол таьмин шудаанд.
АКС: Федератсияи футболи минтақаи Рашт








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






