Дар минтақаи Рашт Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм оғоз гардид

Сентябрь 16, 2023 17:04

ЛАХШ, 16.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Президенти  Федератсияи футболи Тоҷикистон  муҳтарам Рустами Эмомалӣ  12 сентябр дар минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун  Чемпионати футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм оғоз гардид. Дар ин хусус котиби масьули Федератсияи футболи минтақаи Рашт Усмоналӣ Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои футболи шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш иштирок доранд. Мусобиқа як моҳ идома ёфта, дастаҳо   дар майдони худ ва дар сафар бо ҳам бозӣ менамоянд.

Ҳамаи дастаҳо аз чониби Федератсияи футболи Тоҷикистон бо либос ва тӯбҳои футбол таьмин шудаанд.

АКС: Федератсияи футболи минтақаи Рашт

Сентябрь 16, 2023 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд