Дар шаҳри Хоруғ Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 17, 2023 10:57

ХОРУҒ, 17.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бинои хуштарҳу замонавии Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Ин паноҳгоҳ дар ҳавлии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, дар сурати рух додани ягон офати табиӣ кормандони ин ниҳоди давлатӣ метавонанд дар зудтарин фурсат ба осебдидагон кумаки фаврӣ расонанд. Бинои зебову муҷаҳҳаз дорои тамоми имконоти зарурӣ буда, дар доираи Барномаи мусоидат ба пойдории сулҳу субот тавассути инфрасохтори зарурии маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур дорои ду ҳуҷраи васеи хоб аст, ки яке аз ҳуҷраҳо барои 40 мард ва ҳуҷраи дуюм барои 40 зан пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин бино синфхонаи таълимӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммоми мардонаю занона, анборхона мавҷуд мебошанд, ки мутобиқ ба замони муосир сохта шудаанд.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни ифтитоҳи паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ изҳор дошт,  ки «иншоот дар доираи дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд бунёд гардид. Шаҳри Хоруғ дар баробари ҳар гуна офати табиӣ осебпазир аст ва дар чанд соли охир бар асари тағйирёбии иқлим чунин офатҳо дар фаслҳои зимистону баҳор зуд-зуд рух медиҳанд. Ҳангоми тармафароӣ ва ё дигар офатҳои табиӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ умдатан бо ду мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад: яке бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дуюм- пайдо намудани паногоҳҳои муносиб барои зарардидагон, ки дар байнашон кӯдакону куҳансолон ва маъюбон низ дучор омада, ба хизматрасонии хос ниёз доранд».

Бояд гуфт, ки дар дохили бино ҳаммому ташноб, ҳуҷраи истироҳат вуҷуд дорад ва ниёз нест,  ки онҳо ба берун бароянд. Илова бар ин дар анборхонаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят ғизои кофӣ захира шудааст ва осебдидагони эҳтимолӣ се вақт бо хӯроки гарм таъмин мешаванд. Корҳои сохтмонӣ  дар Паноҳгоҳи муҳоҷирони экологӣ аз моҳи августи соли гузашта шуруъ шуда, бунёди онро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дамир» ба зимма дошт. Дар бунёди бино 30 нафар сокинони шаҳри Хоруғ  бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд. Барои корҳои бунёдӣ ва таҷҳизонидани иншоот  2,5  миллион сомонӣ сарф гардида, бинокорон дар муддати як сол онро бо сифати хуб ба истифода супурданд.

Раиси шаҳри Хоруғ гуфт, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ сохтмони беш аз 200 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон таҳкурсии як қисми ин биноҳо гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад