ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандон ба тасвиб расид

Сентябрь 28, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 28.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2023 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Қарори мазкур бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» тасдиқ шудааст.

Тибқи фармони мазкур, моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳр Комиссияи даъвати ҳарбии шаҳри Душанбе тибқи рӯйхати замимашуда таъсис дода шуда, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис диҳанд.

Ҳамзамон комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ менамоянд.

Раиси шаҳри Душанбе Раёсати тандурустии шаҳри Душанберо муваззаф намудааст, ки ба комиссияҳои даъват табибони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тибро, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, ҷалб намуда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намоянд.

Инчунин ба шахсони масъул дастур дода шудааст, ки гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба таври тантанавӣ гузаронанд.

Тибқи қарор, Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта аз раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд маълумот пешниҳод намояд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 28, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд