«ХУШТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ…». 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб эълон шудааст

Сентябрь 4, 2023 14:51

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Расо 16 сол қабл дар ҳамин рӯзи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.

Зимни ифтитоҳи ин бинои маърифатӣ 20 марти соли 2012 Пешвои миллат иброз намуданд, ки «тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд».

Роҳбари давлат дар идома иброз доштанд, ки халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт.

Бояд тазаккур дод, ки дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбари оқилу дурандеши давлати тоҷикон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид.

Бунёди бузаргтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ, ки имрӯз ба пойтахти зебои мамлакат- шаҳри Душанбе ҳусни нав зам намудааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Китобхона дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву озмоишгоҳҳои тармими китобҳо, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хизматрасонӣ аст, ки ҳамаи онҳо ба талаботи меъёрҳои ҳозиразамон ҷавобгӯ мебошанд.

Илова бар ин дар китобхона толорҳои хониши электронӣ мавҷуд ҳастанд, ки бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз буда, бо китобхонаҳои мамолики пешрафтаи дунё робита доранд. Ҳамарӯза дӯстдорони китоб ба ин махзани илму дониш омада, дар утоқҳои китоб, матбуоти даврӣ, компютерии ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст ва ғайра ба мутолиа машғул мешаванд.

Ба саҳни бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон нимпайкараҳои даҳҳо фарзандони бузурги миллат, ки дар масири таърих парчами озодиву истиқлол, донишу маърифат ва адабиёту фарҳангро баланд афрохтаанд, шукуҳу шаҳомати хосса бахшидаанд.

Иқдоми шоистаи дигар, ки дар самти китобхон шудани ҷомеа рӯи кор омадааст, таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.

Аз ҷумла, инҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»— оинаи таърихи миллат» мебошанд, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд. Озмунҳои мазкур ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамоянд.

Баргузории озмунҳои мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба  китобу китобхонӣ бедор намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои дигар давлатҳо қадимтар буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

Бояд гуфт, ки китоб ганҷинаи бебаҳое аст, ки роҳи тираро равшан ва қалби инсонҳоро саршор аз меҳру муҳаббат мегардонад. Китоб ҳадя намудан рамзи эҳтирому арҷгузорӣ  ва нигоҳдошти суннати аҷдодии мо аст.

Тавре иброз доштем, дар замони соҳибистиқлолӣ дар самти китобхон шудани наврасону ҷавонон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, ки яке аз онҳо соли 2019 пойтахти ҷаҳонии китоб эълон шудани шаҳри Душанбе дар миқёси давлатҳои аъзои ЮНЕСКО мебошад.

Ин иқдом баҳри бештар гардидани таваҷҷуҳи мардум ва рӯ овардани ҷавонону наврасон ба китоб хеле хуб арзёбӣ мегардад, зеро миллати тоҷик аз қадим то ба имрӯз ба китобу китобдорӣ шавқу рағбати хеле зиёд дорад.

Ғайр аз ин солҳои охир давлатҳои хориҷӣ бо нишони эҳтиром ва эътирофи миллати тоҷик, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳми шоиста гузоштааст, китобҳои Сарвари давлати моро бо забонҳои мухталифи хориҷӣ ба нашр мерасонанд.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи китоб ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷомеаро ба арҷ гузоштан ба осори адибону олимон, инчунин мутолиаи мунтазами китоб ҳидоят менамояд.

Ин байтҳои ҷовидонаи шоири бузург Абдураҳмони Ҷомиро метавонем чун хотимаи гуфтаҳоямон дар васфи китоб- ганҷинаи бебаҳои ҳастӣ  манзур намоем:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2023 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод
ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Ярослав соҳиби се ҷоиза шуд
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ