Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд

Декабрь 2, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳайати чинӣ бо роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Инчуан бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои меҳмонон сайри осорхонавӣ бо забони чинӣ ташкил карда шуд.

Меҳмонон бо таъриху тамаддуни бисёрҳазорсола дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд, аз наздик шинос шуданд.

Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Инчуан аз тамошои толорҳои намоишии осорхона изҳори хушнудӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон дарҷ намуд.

Шинос гардидан бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон рамзи таваҷҷуҳи дипломатӣ буда, метавонад ба рушди равобити фарҳангию маърифатии Чину Тоҷикистон мусоидат намояд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад