Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат паст шуда, чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, назар ба рӯзҳои қаблӣ ҳарорат паст мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати шамол то 15-20 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 0+5 гарм то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самтри ҷанубу ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ҷанубу ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо то15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 29+33 дараҷа гарм мешавад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






