Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад

Сентябрь 20, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво аз 33 то 28 дараҷа паст мефарояд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияи Дарвоз бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-1 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 20, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд