ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Он дар таъмини бехатарии мамлакат дар ҳамбастагии зич бо дигар сохторҳои қудратӣ саҳми назаррас мегузорад
ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2010 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 3 сентябр Рӯзи Гвардияи миллӣ маҳсуб мешавад. Сохтори мазкур воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад.
Тавре дар ниҳоди мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат афсарону сарбозони гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳайати шахсии гвардия аз рӯзҳои аввал бо боварию эътимод по ба арсаи ҳастӣ гузошта, дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат дар майдони ҳарбу зарб ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид. Корнамоӣ ва шуҷоати 302 нафари онҳо бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст, ки 79 нафарашон дар сангарҳо ҳалок гаштаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, ки давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, иштирок намудан дар маросими қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, таъмин намудани амнияти шахсони расмӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимӣ, ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ буда, ҳамчунин мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллӣ дар чорабиниҳои вобаста ба таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди терроризм ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳо мусоидат менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ, беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ ва вазъи иҷтимоии афсарону сарбозон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бо мақсади такмил додани қобилияти ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ Маркази миллии мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир ба истифода дода шудааст, ки масоҳати марказ 110 гектарро дар бар гирифта, аз машқгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ барои тирпаронӣ аз силоҳи гуногун, майдонҳои ронандагӣ, биноҳои баландошёна ва макет-маҳалҳои аҳолинишин барои гузаронидани машқҳои махсус ва нуқтаҳои назорат иборат буда, барои фароғату истироҳати ҳайати шахсӣ хобгоҳу ошхона ва нуқтаҳои маишӣ сохта шудаанд. Марказ барои гузаронидани машқҳои низомӣ ва мусобиқаҳои васеи ҳарбӣ бо иштироки ҳайати зиёди хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқ мебошад. Дар айни замон дар ин марказ хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои қудратии мамлакат ҳам ба тамрин машғул мешаванд.
Ҳамзамон тавре иттилоъ дода шуд, Гвардияи миллии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи таъминотӣ ва дараҷаи тахассусии афсарону мутахассис бо бисёр кишварҳо ҳамкории судманд дорад. Ҳамкории пурсамар бо сохторҳои ҳамтои худ дар Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии Гвардияи миллӣ эътимоди қавӣ доранд, ки ин соҳаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ метавонад дар таъмини бехатарии мамлакат дар ҳамбастагии зич бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ саҳми намоён дошта бошад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии гвардия- ҳифзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин вазифаи ифтихориро Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ иҷро менамояд.
18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бори нахуст бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқиву таърихӣ баргузор гардид, шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори баргузории маросим ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуда буд. Ин шарафи бузургро аз фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Ва 26 январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва дар фаъолияти Гвардия марҳилаи нав оғоз гардид. Дар баробари қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сохтори ташкилии он тағйироти куллӣ ворид шуда, ба марҳилаи нави гузариш ба фаъолияти касбии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода






