Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 9, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик (10 ноябр) ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки милитсия дар ҳама давру замон, ба хусус дар марҳилаҳои ҳассосу мушкили таърихи давлатдорӣ дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи амнияти шаҳрвандон қарор дошт.

«Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ барои беҳтар намудани шароити хизмат, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ ва зиёд намудани музди меҳнати кормандон тадбирҳои муҳим андешида шуданд», — афзуд Рамазон Раҳимзода.

Гуфта шуд, ки дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос заминаи мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шуда, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи оташнишонӣ ва марказҳои таълимию омӯзишӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсису бунёд карда шуданд.

Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ тамоми неруву малакаашонро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти касбӣ ба ҳифзи сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва волоияти қонун равона хоҳанд кард.

Дар идомаи ҳамоиш  як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои фаъолияти пурсамар, иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо рутбаҳои навбатии махсус, аз ҷумла рутбаи полковники милитсия, мукофотҳои соҳавӣ, медали Вазорати корҳои дохилӣ- «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Барои хизмати шоён», медали «Барои саҳми арзанда дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ», медали «Далерӣ» ва «Садоқат», нишони сарисинагии «Аълочии милитсия», инчунин бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд