ИСТИҚЛОЛИЯТ-ОМИЛИ РУШДИ АФКОРИ МИЛЛИИ КИТОБДОРӢ. Дар Душанбе бо иштироки китобдорон ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 9, 2023 17:55

ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият-омили рушди афкори миллии китобдорӣ» конференсияи илмӣ—амалӣ ва намоиши китоб баргузор гардид, хабар додан ба АМИТ «Ховар» дар Хонаи китоби Тоҷикистон.

Дар конференсия олимону мутахассисони варзидаи МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», роҳбарони  китобхона ва  мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода ҳозиринро бо 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки «воқеан, истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯю эътибори ҳар соҳибватан ва шарти асосии мавҷудият ва ифтихори миллат ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард».

Тазаккур дода шуд, ки аз солҳои аввали Истиқлолият соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбад. Аз ҷумла, қабули якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсия ва барномаҳои рушди соҳаи китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав дар марказҳои шаҳру деҳоти мамлакат гувоҳи ин аст.

АКС: Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон»

Сентябрь 9, 2023 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид