ИСТИҚЛОЛИЯТ-ОМИЛИ РУШДИ АФКОРИ МИЛЛИИ КИТОБДОРӢ. Дар Душанбе бо иштироки китобдорон ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 9, 2023 17:55

ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият-омили рушди афкори миллии китобдорӣ» конференсияи илмӣамалӣ ва намоиши китоб баргузор гардид, хабар додан ба АМИТ «Ховар» дар Хонаи китоби Тоҷикистон.

Дар конференсия олимону мутахассисони варзидаи МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», роҳбарони  китобхона ва  мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони баналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» Сайзароб Нодирзода ҳозиринро бо 32- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки «воқеан, истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат, шаъну шараф, нангу номус, обрӯю эътибори ҳар соҳибватан ва шарти асосии мавҷудият ва ифтихори миллат ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард».

Тазаккур дода шуд, ки аз солҳои аввали Истиқлолият соҳаи китобдорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбад. Аз ҷумла, қабули якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсия ва барномаҳои рушди соҳаи китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав дар марказҳои шаҳру деҳоти мамлакат гувоҳи ин аст.

АКС: Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон»

Сентябрь 9, 2023 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид