ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ-БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТ. Дар шароити нави геополитикӣ онро чӣ гуна бояд ҳифз намоем?

Сентябрь 6, 2023 09:24

ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ« Ховар»/. Бузургтарин дастоварди замони истиқлол ба ҳам омадани тамоми минтақаҳои Тоҷикистони ягона ва эҳёи ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз миллати воҳид метавонад дар ҳифзи истиқлолу озодии худ муваффақ гардад. Чунин ибрози назар намудааст корманди дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фирӯзи Рамазон дар мақола бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

— 32 сол пеш дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати тозаистиқлол бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон эътироф гардида, ба сифати ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист самтҳои сиёсати дохилию хориҷии худро оқилона муайян намуда, ба дастовардҳои назарраси тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардад. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти асосии муносибатҳои байналхалқӣ дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, ба сифати мамлакати ташаббускор эътироф гардидааст.

Бояд дарк намуд, ки истиқлолияти давлатии тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Соҳибихтиёрӣ ва бунёди давлати миллӣ бар ивази муборизаҳои таърихӣ ва талошу ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаи миллат бар зидди аҷнабиён муяссар гардид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳанӯз ҳам дар олам садҳо халқияту миллатҳои гуногун орзуи бунёди давлати соҳибистиқлоли худро доранд. Онҳо  дорои забони миллӣ, фарҳанги миллӣ ва ҳатто парчами хоси худ ҳастанд, вале эътироф нагаштаанд. Ва мамлакатҳои соҳибистиқлолу пешрафтае низ вуҷуд доштанд, ки шаҳрвандонашон орому осуда ҳаёт ба сар мебурданд, аммо таҳти таъсири бозиҳои сиёсии субъектони манфиатдор ба моҷароҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда, соҳибихтиёрӣ ва суботу оромии худро аз даст доданд.

Дар шароити нави геополитикӣ ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мушкилтар аз ба даст овардани он буда, аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсӣ тақозо менамояд. Таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, сепаратизм, коррупсия, мусаллаҳшавии бошитоби баъзе аз мамлакатҳои ҷаҳон заминагузори асосии барҳам задани истиқлолу озодии миллатҳо маҳсуб мешаванд.

Ҳадафи сенарияҳои махсуси бозингарони сиёсати ҷаҳонӣ дар минтақаҳои алоҳида, пеш аз ҳама,  аз байн бурдани истиқлоли сиёсии мамлакатҳо ва таҳти нуфузу назорати худ қарор додани онҳо мебошад. Онҳо тавассути экспансияи идеологиву иттилоотӣ тафаккури ҷомеаҳоро таҳти таъсири худ қарор дода, ҳадафҳои хешро дар дилхоҳ фурсат амалӣ месозанд. Ин ҳадафҳо тавассути гурӯҳҳо ва ташкилоти экстремистӣ амалӣ мешаванд.

Чуноне ки медонем, гурӯҳҳои муайяни манфиатҷӯ ва бадхоҳони миллати тоҷик аз хориҷи мамлакат талош менамоянд, ки тариқи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ идеологияи ғаразноку ифротии худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Мақсади асосии фаъолияти онҳоро, пеш аз ҳама, заиф кардани ирода ва умед ба фардои шаҳрвандон, асосан ҷавонону наврасон, пайдо намудани нобоварӣ нисбат ба шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, кӯшиши паст задани эътибори роҳбарияти олии мамлакат ва ходимони намоёни сиёсӣ, ниҳоят даъват ба инқилоб ва барҳам задани сохти конститутсионӣ ташкил медиҳад. Чунин амалҳо дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ба унвони фаъолияти экстремистию террористӣ эътироф гашта, барои онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.

Аз ин рӯ, қишри солимфикри мамлакати моро зарур аст, ки бо илму дониш ва маърифати баланд ҷомеаро ба роҳи дурусту саодатмандӣ ҳидоят намоянд. Имрӯзҳо бояд бештар аз зиракии сиёсӣ истифода барем ва манофеи миллии ҷумҳурии худро дарк намуда, дар ҳимояи он камари ҳиммат бандем.

Хеле муҳим аст, ки дар муассисаҳои таълимии миёнаву донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ ба наврасону ҷавонон моҳияти истиқлолу озодӣ, хештаншиносӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир тариқи омӯзиш фаҳмонида шавад. Зеро, ҳифзи истиқлоли давлатӣ танҳо дар ҳолати мавҷудияти худшиносӣ ва ғуруру ифтихори миллии шаҳрвандон имконпазир аст.

Оид ба ин масъала Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфтаанд:

«Зарур аст, ки мардуми мо, бахусус насли ҷавони мамлакат андешаи истиқлоли миллиро ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири ҳаёт ва ҳастии худ, меҳвари нангу номус ва ҳувияту ғурури миллӣ шуморида, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош намоянд».

Ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро аз саргузашти бузургони миллатамон бояд омӯхт, ки маҳз онҳо дар роҳи истиқлолу озодии тоҷикон мубориза бурдаанд. Беҳуда нест, ки бо супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, ба ҳар оилаи тоҷикистонӣ туҳфа гардид, ки ҳадаф танҳо омӯзиши таърихи пурғановати миллати тоҷик буда, дар асоси он ҳисси баланди худшиносии миллӣ тақвият дода шавад. Барои насли имрӯзаи ҷумҳурӣ сарчашмаи дарки худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, пеш аз ҳама, фаъолият ва қаҳрамониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри рушду инкишофи Тоҷикистон ва саодатмандии насли имрӯзу фардои Ватан талош менамоянд, маҳсуб мешавад.

Бинобар ин, муттаҳид будан дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат, ҳимояи арзишҳою фарҳанги волои миллӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа вазифаи асосии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Фирӯзи РАМАЗОН,
корманди дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2023 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст

Маводҳои таҳлилӣ