Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр гурӯҳи кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуда, бо муҳандисони ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Масъулини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷавонони фаъоли Донишгоҳро бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти бузурги аср, толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби он, сарбанд ва ядрои сарбанди асосӣ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои неругоҳ шинос намуданд.
Кормандону донишҷӯёни донишгоҳ барои фаъолияти назаррасу шабонарӯзӣ ва саҳми назаррас дар бунёди сохтмони иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кормандону сохтмончиёни он изҳор сипос намуданд.
НБО «Роғун» бузургтарин ва мондагортарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик пурра ба фаъолият оғоз хоҳад намуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода










Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






