ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Дар Душанбе бо иштироки сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар нишасти хабарӣ баргузор гардид

Сентябрь 19, 2023 15:21

ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имшаб, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор мешавад.

Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24, чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Рақибони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар гурӯҳ дастаҳои футболи «Персеплолис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ан-Наср»-и Арабистони Саудӣ мебошанд.

Ба ин муносибат 18 сентябр, дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 бо иштироки сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл» -и Қатар нишасти хабарӣ баргузор шуд.

Дар нишастии пеш аз бозии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспо ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, интизориҳояшро аз ин бозӣ баён дошта, чунин гуфт:

— Бисёр хушҳолем, ки ҳоло дар инҷо қарор дорем ва дар Лигаи чемпионҳо бозӣ менамоем. Умедворам, ки бозии хеле хуб мешавад. Мушкил хоҳад буд, аммо бояд бигӯям, ки мо ба ин бозӣ омода ҳастем.

— Ҳама интизор доштанд, ки ҳамроҳи даста Филиппе Каутинийо низ ба Душанбе меояд. Ӯ ҷароҳат дорад?

— Мо бисёр хушҳолем, ки Каутинийоро дар даста дорем. Бояд гӯям, ки ба мисли ӯ бисёре аз бозингароне ҳастанд, ки дар ин бозӣ бо сабаби ҷароҳат доштанашон иштирок карда наметавонанд, аммо мо омода ҳастем бо ҳамин футболбозоне, ки дорем, як дастаи рақобатпазир бошем.

-То чӣ андоза аз сиёсати трансферии даста розӣ ҳастед ва сабаби харидории Каутинийо, ки ҷароҳат дорад, дар чӣ аст?

-Ҳоло ягона чизе, ки дар ин бобат метавонем гӯем, ин интизор шудан аст. Мавсими гузашта низ чанд бозингаре буданд, ки дар набудани онҳо бозӣ мекардем.

-Дар ин марҳилаи Лигаи чемпионҳои Осиё дастаҳои суст нестанд. Шумо метавонед дастаҳоеро номбар намоед, ки барои баромадан аз гурӯҳи «Е» муддаии асосӣ шуморида мешаванд?

-Ҳама медонанд, ки аз рӯи ситораҳои футболе, ки дар дастаи «Ан-Наср» ҳастанд, ҳамин даста фаворит шуморида мешавад. Вале мо омада ҳастем ва фикр дорам, ки дигар иштирокчиёни ин гурӯҳ низ омода ҳастанд, ки рақобати баробар нишон диҳанд. Ин футбол аст ва ҳамагон имконияти баробар доранд.

-Дастаи «Ал-Дуҳайл» хеле дер, ҳамагӣ як рӯз пеш аз бозӣ ба Душанбе омад. Вақти кӯтоҳ барои мутобиқшавӣ ва анҷом додани бозӣ басанда аст?

— Фикр мекунам ин ҳолат ба бозӣ таъсир нахоҳад расонд.

-Шумо чӣ иттилое дар бораи дастаи «Истиқлол» доред ва аз рӯи арзиши трансферии футболбозон «Ал-Дуҳайл» қариб даҳ баробар аз ҳайати дастаи «Истиқлол» қиматтар аст. Ҳамин чиз метавонад дар футбол муҳим бошад?

— Ин футбол аст, 11 нафар ба муқобили 11 нафар бозӣ менамоянд ва ҷузъиёти молиявӣ ба бозӣ таъсир нахоҳад намуд. Мо кӯшиш мекунем, ки аз ҷиҳати тактикӣ ва техникӣ беҳтар бошем. «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ҳаст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки «Истиқлол» дастаи қавӣҳаст. Ҳар як бозингари дастаи «Истиқлол» метавонад дар бозие, ки доир мешавад, хатаре эҷод намояд. Фикр менамоям дастаи футболи «Истиқлол» аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле дастаи қавӣ аст.

Нимҳимоятгари дастаи «Ал-Дуҳайл» Алӣ Алмоиз ба суоли хабарнигорон оид ба ин бозӣ чунин ибрози андеша намуд:

— Ин ҳафта барои дастаи мо хеле мушкил хоҳад буд. Бар муқобили дастаи «Истиқлол» бозӣ менамоем. Умед дорем, ки бозии хуб нишон дода, Лигаи чемпионҳоро бо натиҷаи мусбат оғоз намоем.

Инчунин дар нишастии пеш аз бозии дастаҳои футболи «Истиқлол»–и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар сармураббии дастаи «Истиқлол» Игор Черевченко ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, интизориҳояшро оид ба ин бозӣ баён намуд.

-Метавонед бигӯед, ки давоми мусобиқа чанд хол ба даст оварда метавонед?

-Инро чӣ тавр пешакӣ пешгӯӣ намудан мумкин аст? Ин варзиш аст, касе пешакӣ чизе гуфта наметавонад. Мо бозӣ мекунем ва мекӯшем, ки дар ҳар бозӣ хол ба даст орем.

-Давоми равзанаи интиқол шумо хати муҳофизати худро нав намудед. Оё хатти мудофиаи дастаи Шумо ба ҳуҷумкунандагони пуртаъсири ҳариф тоб оварда метавонад?

— Бачаҳое, ки бозӣ менамуданд, таҷрибаи ҳунарнамоӣ дар Аврупоро доранд. Ба худ бояд бовар намуд. Аммо боз ҳам пешакӣ ҳеҷ чизро пешбинӣ намудан мумкин нест. Ҳама омодаанд, ки дар ин бозӣ ва дар ҳама бозиҳои минбаъда мубориза баранд.

-Дар дастаи «Истиқлол» легионери эронӣ Муҷтабо Муктадоӣ бозӣ менамояд. Дар бораи ӯ ва рақиби дигаратон- «Персеполис» чӣ гуфта метавонед? Оё Муҷтабо ба бозӣ дастрас аст?

-Ҳоло гуфта наметавонам, ки имрӯз кӣ ба бозӣ меояд. Ҳама имкониятҳои якхела доранд. Дар мавриди «Персеполис» — ин тими хеле пурқувват аст, ки дар ҳама хатҳо муҷаҳҳаз аст ва бесабаб нест, ки барои ҷойҳои баланд дар чемпионати Эрон мубориза мебаранд.

-Паёми шумо ба мухлисон?

-Мо ҳамеша дастгирии мухлисонамонро ҳис менамоем. Онҳо бозингари 12-уми мо ҳастанд ва ба мо неру ва қувват мебахшанд! Биёед ва дастаи моро дастгирӣ намоед! Дар навбати худ мо ҳама корро анҷом медиҳем, то бозӣ ба шумо писанд ояд!

Қобили тазаккур аст, ки дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуданд.

Мизбонони рақобат -футболбозони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои хокистарранг ба варзишгоҳ мебароянд.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» дар доираи марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё имрӯз, 19 сентябр, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки фурӯши чиптаҳо дар хазинаҳои варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи расмии даста дар суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 идома дорад. Нархи чиптаи категорияи якум барои минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2023 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд
Асламҷон Азизов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ямали Русия соҳиби медали тилло шуд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тими Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид