ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Пагоҳ «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ менамояд

Сентябрь 18, 2023 12:08

ДУШАНБЕ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 19 сентябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24,  чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Рақибони дастаи пойтахт дар гурӯҳ “Персеплолис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.

Имрӯз, 18 сентябр дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) нишасти хабарӣ баргузор мешавад.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспо ва яке аз бозигарони бошгоҳи қатарӣ, аз ҷониби «Истиқлол» сармураббии даста Игор Черевченко ва сарбони даста Алишер Ҷалилов ҷавоб медиҳанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2023 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд