Маҳмадтоир Зокирзода: «Тоҷикистон ба ҷалби имконоти сармоягузории Корея ба бахшҳои гуногуни иқтисодӣ манфиатдор мебошад»
ДУШАНБЕ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи иштирок дар кори Конфронси якуми раисони парлумонҳои Корея ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Сеул идома дорад, дар иҷлосияи пленарӣ дар мавзуи «Нигоҳ ва самти ҳамкории минтақавӣ байни Корея ва Осиёи Марказӣ: ҷаҳиши нав барои 30 соли оянда» суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Таъкид шуд, ки ин иҷлосия дар роҳи рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ иқдоми муҳим хоҳад буд.
Иброз гардид, ки тӯли се даҳсола муносибатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Корея дар заминаи ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва эътимод босуръат инкишоф ёфт. Дар ин замина иҷлосияи мазкур метавонад минбари пурсамар барои тавсеаи ҳамкории байни давлатҳо гардад.
«Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро самти муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намудааст, — изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода. — Мо омодаем ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахшҳои мухталифи иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳое, ки ба манфиати давлатҳо мебошанд, таҳким бахшем».
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея равобити гуногунҷанба дорад ва метавон ҳамкории судманде дар соҳаҳои иқтисодӣ, гидроэнергетика, саноати нассоҷӣ, сабук, кимиё, хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ ба роҳ монд.
Тазаккур дода шуд, ки ба роҳ мондани шаклҳои нави ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо метавонад омили рушди назарраси муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳои иштирокчӣ гардад.
Бо ин мақсад истифода бурдани иқтидори муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ муҳим шуморида шуд.
«Дар ин замина мо ба ҷалби имконияти сармоягузории ҷониби Корея ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон манфиатдор мебошем. Мутмаинам, ки натиҷаи иҷлосияи имрӯза омили дигари муассири таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди парлумонҳо гардида, дар муносибатҳои давлатҳо саҳифаи нав боз менамояд», — иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






