Муовини Раиси шаҳри Душанбе бо Директори ширкати «Bina Puri» вохӯрӣ намуд

Сентябрь 28, 2023 14:05

ДУШАНБЕ, 28.09.23. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмиалии сармоягузории Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Директори иҷроияи ширкати «Bina Puri» Файзам Хан вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар оғози мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе меҳмонро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, мулоқоти имрӯзаро имконияти мусоид баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманди дуҷониба номид.

Файзам Хан дар навбати худ барои истиқболи самимӣ ва имконияти муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори сипос намуда, фазои мусоиди сармоягузории Душанберо диққатҷалбкунанда номид ва оид ба фаъолияти ширкати «Bina Puri» маълумот пешкаш намуд.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки масъалаи баррасишударо минбаъд низ таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, дар самти амалисозии он иқдом намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 28, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон