Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 23 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиши назди Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фарзона Хоҷазода иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба такмили санадҳои ҳуқуқии намунавӣ дар соҳаҳои бойгонӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, варзиши донишҷӯён ва фаъолияти иттифоқҳои эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, консепсияи тағйиру иловаҳо ба қонуни намунавии «Дар бораи архивҳо ва фонди архивӣ» пешниҳод гардид, ки навсозии қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, таъмини бутунии маводи бойгонӣ ва фароҳам овардани имконияти барқарорсозии онҳоро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, иштирокчиён консепсияи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи маълумоти шахсӣ»-ро баррасӣ намуда, зарурати ба инобат гирифтани хусусиятҳои коркарди маълумот дар платформаҳои рақамӣ, барномаҳои мобилӣ ва системаҳои зеҳни сунъиро таъкид карданд.
Дар ҷаласа инчунин пешниҳоди таҳияи тавсияҳо оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид. Иброз шуд, ки ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳо ҳангоми қатъ гардидани робитаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳолатҳои буҳронӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон муҳим мебошад.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва рушди захираҳои рақамӣ низ баррасӣ шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






