Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад

Октябрь 26, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм ва Осорхонаи 5500-солагии Саразм» таҳти унвони «Саҳми экспедитсияи бостоншиносии Суғди қадиму Тоҷикистон дар омӯзиши Панҷакенти қадим» конференсияи илмӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Директори Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм ва осорхонаи 5500-солагии Саразм» Абдулвоҳид Зиёзода таъкид намуд, ки конфронси илмӣ ба 80-солагии оғози ковишҳои бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим бахшида шуда, дар он натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, саҳми олимон дар омӯзиши тамаддуни суғдӣ ва масъалаҳои ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Панҷакенти қадим сарчашмаи илмӣ барои шинохти арсҳои миёна

 Панҷакенти қадим аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, деворнигораҳои арзишманд ва осори меъмории худ дар омӯзиши таърихи суғдиён мавқеи хос дорад. Ин шаҳри бостонӣ на танҳо аз сатҳи баланди шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгон шаҳодат медиҳад, балки барои шинохти ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сокинони минтақа дар асрҳои миёна сарчашмаи муҳимми илмӣ мебошад.

Ҳафриётҳои Панҷакенти қадим диққати ҷомеаро ҷалб менамояд

Ҳафриётҳои ҳарсола дар Панҷакенти қадим диққати на танҳо бостоншиносон, муаррихони таърих, балки ҷомеаро низ ҷалб намуд. Ҳарсол шаҳраки қадимро шумораи зиёди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо тамоми возеҳият зиёрат мекунанд, ки чунин маҳбубият дар он замони дур танҳо насиби Осиёи Марказӣ  буд. Дар рафти сайёҳат тамошобинон бо сохти меъмори шаҳристон манзилҳои зисти дуошёна,  ибодатхонаи бошукӯҳ, кӯчаҳои магистиравӣ, ҷойгиршавии дӯконҳои тоҷирон қад-қади кӯчаҳо, иморатҳои дуошёна, толорҳои меҳмонқабулкунии чорстуна бо кандакорӣ шинос шуда,  боварӣ ҳосил мекунанд, ки решаҳои маданияти маҳаллӣ ба замони тоисломӣ алоқаманд мебошанд.

Панҷакенти қадим яке аз марказҳои муҳими тамаддуни суғдӣ

Омӯзиши илмии Панҷакенти қадим бо фаъолияти экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷик, ки баъдан бо номи экспедитсияи бостоншиносии Панҷакенти қадим маъруф гардид, робитаи ногусастанӣ дорад. Тибқи маводи пешниҳодшуда, экспедитсия соли 1946 ташкил гардида, аз соли 1947 ҳафриётҳои мунтазами бостоншиносӣ дар ёдгорӣ идома ёфтанд.

Дар ин давра олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ба омӯзиши таърих, меъморӣ, санъати тасвирӣ ва ҳаёти иҷтимоию фарҳангии суғдиён машғул шуданд. Александр Якубовский, Михаил Дяконов, Александр Беленитский ва Борис Маршак аз ҷумлаи муҳаққиқоне мебошанд, ки дар ташаккул ва рушди таҳқиқоти илмии Панҷакенти қадим саҳми назаррас гузоштаанд.

Ҳамзамон олимони тоҷик, аз ҷумла Иброҳим Раҳматуллоев ва дигар муҳаққиқон, дар марҳилаҳои гуногуни омӯзиши ёдгорӣ саҳм гирифтаанд. Фаъолияти чандин насли бостоншиносон имкон дод, ки маълумоти арзишманд оид ба сохтори шаҳр, тарзи зиндагии сокинон, осори меъморӣ ва робитаҳои фарҳангии суғдиён ҷамъоварӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода шавад.

Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ Панҷакенти қадим ҳамчун яке аз марказҳои муҳими тамаддуни суғдӣ муаррифӣ гардид. Деворнигораҳо, бозёфтҳои моддӣ ва боқимондаҳои иншооти шаҳрӣ барои омӯзиши таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос доранд.

Панҷакенти қадим — оинаи тамаддуни суғдӣ

Панҷакенти қадим, ки ба асрҳои V–VIII тааллуқ дорад, аз чор қисми асосӣ — шаҳристон, қалъаи шоҳ, работ ва некропол иборат буд. Боқимондаҳои манзилҳои истиқоматӣ, ибодатгоҳҳо, кӯчаҳо, дӯконҳои тиҷоратӣ ва толорҳои меҳмонқабулкунӣ аз рушди меъморӣ ва ҳаёти шаҳрии сокинони он замон шаҳодат медиҳанд. Махсусан, деворнигораҳои ёдгорӣ дорои арзиши баланди таърихию бадеӣ мебошанд. Дар онҳо унсурҳои зиндагии рӯзмарра, расму ойин, эҷодиёти халқ ва тасаввуроти маънавии суғдиён инъикос ёфтаанд. Омӯзиши ин осор барои дарки хусусиятҳои фарҳанги миллӣ ва робитаҳои тамаддунии минтақа бо дигар марказҳои таърихӣ мусоидат мекунад.

Мавқеи ҷуғрофии водии Зарафшон дар масири Роҳи бузурги Абрешим низ ба рушди Панҷакенти қадим таъсири назаррас расонидааст. Суғдиён дар муносибатҳои тиҷоратии байни Шарқу Ғарб нақши муҳим бозида, дар паҳншавии молу маҳсулот, дониш ва арзишҳои фарҳангӣ саҳм гузоштаанд.

Аз ин рӯ, Панҷакенти қадим на танҳо як ёдгории маҳаллӣ, балки сарчашмаи муҳими омӯзиши равандҳои таърихӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҳифзи ёдгориҳо — идомаи омӯзиши таърих

          Дар баробари таҳқиқоти илмӣ, масъалаи ҳифзу нигоҳдории боқимондаҳои меъмории Панҷакенти қадим аҳаммияти махсус дорад. Таъсири барфу борон ва дигар омилҳои табиӣ ба ҳолати иншооти бостонӣ зарурати андешидани тадбирҳои мунтазами муҳофизатӣ ва барқарорсозиро ба миён овардааст.

Тибқи маводи бостоншинос Иброҳим Раҳматуллоев, бо мақсади ҳифзи қисматҳои муҳимми ёдгорӣ якчанд объект барои анҷом додани корҳои тармим ва нигоҳдорӣ интихоб гардидаанд. Ба инҳо девори мудофиавии ҷанубу шарқии шаҳристон, толори «Рустамнома», боқимондаҳои деворҳои мудофиавӣ ва ибодатгоҳи якум дохил мешаванд.

Корҳои ҳифзу нигоҳдорӣ ва тармими объектҳои интихобшуда аз моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, бо дастгирии грантии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе амалӣ шудаанд. Дар ин раванд бостоншиносон, мутахассисони соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва намояндагони ташкилоти ғайридавлатии «Ҷавонони пешқадам» иштирок кардаанд.

Яке аз самтҳои муҳими лоиҳа панҷарабандии ҳудуди ёдгорӣ буд, ки солҳои 2021–2023 амалӣ шудааст. Ҳамчунин, ҳангоми тармими баъзе иншоот маводи анъанавӣ, аз ҷумла хок, лой, коҳ ва хишти хом истифода гардидааст. Ин таҷриба аҳаммияти ба назар гирифтани хусусиятҳои аслии меъморӣ ва маводи сохтмонии ёдгориро дар корҳои барқарорсозӣ нишон медиҳад.

Эътирофи байналмилалӣ ва аҳаммияти мероси Панҷакент

         Эътирофи байналмилалии ёдгориҳои таърихии водии Зарафшон барои муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон аҳаммияти бузург дорад. 17 сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Риёзи Арабистони Саудӣ ёдгориҳои марбут ба масири «Зарафшон–Қайроқум» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

Ин рӯйдод зарурати ҳифзи ёдгориҳо, идомаи таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи имкониятҳои сайёҳии фарҳангиро боз ҳам тақвият медиҳад. Муаррифии дурусти Панҷакенти қадим метавонад таваҷҷуҳи муҳаққиқон, донишҷӯён ва сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар намуда, барои шинохти таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кунад.

Дар ин замина, баргузории конфронси илмӣ ба муносибати 80-солагии оғози ковишҳои бостоншиносӣ имкони муносибест барои ҷамъбасти натиҷаҳои таҳқиқот, арҷгузорӣ ба заҳмати олимон ва баррасии дурнамои омӯзишу ҳифзи ин мероси нодир.

Зеро ҳаштод соли таҳқиқоти бостоншиносии Панҷакенти қадим бозгӯи заҳмати чандин насли олимон ва аҳаммияти илмии ин ёдгории нодир мебошад. Натиҷаҳои бадастомада на танҳо саҳифаҳои муҳими таърихи суғдиёнро бозгӯ мекунанд, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон замина фароҳам меоранд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид