«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» оғоз гардид. Дар он иштирокчиён аз рӯи шаш шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии довталаб, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ – педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмуни мазкур ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсили томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалаташон дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» дар муассисаи таҳсилоти томактабии №136-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3 рӯз давом ёфта, ҷамъбасти он 23 сентябр дар назар дошта шудааст.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






