Намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон ба Туркия сафар намуданд

Сентябрь 11, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар/. 10 сентябр як гурӯҳ намояндагони бахши сайёҳии Тоҷикистон ба шаҳри Анталияи Туркия сафар намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Нарзулло Ализода, ки дар ин ҳайат шомил аст.

Ҳадаф аз сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирок дар курсҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, соҳаи меҳмондорӣ ва воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Туркия мебошад.

Омӯзиши таҷрибаи сайёҳии ин кишвари пешрафта ва табодули таҷриба имкон медиҳад, ки хизматрасонии соҳа ба сатҳи баланд бардошта шавад, зеро Туркия аз ҷиҳати рушди туризм дар ҷаҳон мақоми хоссаро  доро мебошад.

Тарбияи мутахассисони соҳибтаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои «Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Асосан зимни сафар намояндагони субъектҳои хизматрасонии Тоҷикистон курсҳои «Туроператор», «Туреган», «Роҳбалад», «Ошпаз», «Меҳмонхонадорӣ» ва ғайраро меомӯзанд.

Барнома бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат   ва шарикони рушд амалӣ мегардад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад