Намояндаи Тоҷикистон дар машғулият оид ба оқибатҳои технологияҳои нави рақамӣ дар ИМА иштирок дорад

Сентябрь 13, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 сентябр дар Маркази тадқиқоти стратегии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ (NESA), дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико машварат барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегузарад, ки дар он намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Машварат ба мавзуи «Дидгоҳҳои нави амниятӣ дар асри технологияҳои рақамӣ» бахшида шудааст. Дар он аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анварҷон Ализода  иштирок дорад.

Зимни машварати мазкур рушди технологияҳои нави рақамӣ, манфиат ва зарари онҳо, инчунин истифодаи технологияҳои нави рақамӣ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аз ҷониби олимону мушовирон ва мутахассисони касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни мубоҳисаю муҳокима аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мегарданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид