НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Устодон-олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони ин иншооти азим шинос шуданд

Сентябрь 5, 2023 18:47

ДУШАНБЕ, 05.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр ҳайати устодону кормандон ва  олимону мутахассисони соҳаи техника ва технологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба маҳали сохтмони  Неругоҳи барқи обии «Роғун» сафар намуда, бо муҳандисону кормандони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ  вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар лоиҳаи бунёди НБО «Роғун» тақрибан ҳамаи ихтисосҳое, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таълим дода мешаванд, мавҷуд мебошанд. Мусаллам аст, ки дастпарварони ин муассисаи шуҳратёри мамлакат дар радифи бисёр иншооти сохташавандаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ дар сохтмони иншооти муқтадиру тақдирсози миллат- Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолияти шоиставу сазовор анҷом медиҳанд.

Теъдоди хатмкардагони Донишгоҳи мазкур, ки дар иншооти гуногуни сохтмони НБО «Роғун» саҳм доранд,  бештар аз 200 нафарро ташкил медиҳад.

Омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамкории муфиду судбахшро байни донишгоҳ ва ин иншооти азими ҷаҳонишуда ба мақсад мувофиқ мешуморанд ва мехоҳанд шогирдонашон давраҳои таҷрибаомӯзиро дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» гузаронанд.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Сентябрь 5, 2023 18:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад