ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД. Дар деҳаи Навободи шаҳри Турсунзода 3 км роҳ навсозӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҷалби соҳибкорону сокинони деҳаи «Ортиқ Ҷумаев»-и Ҷамоати деҳоти Навобод корҳои мумфаршкунии 3 км роҳи маҳаллӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Сокинони саховатпеша ва соҳибкорони бонангу номуси деҳот азм доранд, ки дар марҳилаҳои минбаъда роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро низ асфалтпӯш намоянд.
Имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳудуди шаҳр бунёду навсозии роҳҳо идома дорад.
Ин иқдоми наҷиб бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






