ОМӮЗИШРО БО ВАРЗИШ ОМЕЗИШ ДИҲЕД! 20 сентябр Рӯзи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар эътироф шудааст

Сентябрь 20, 2023 14:44

ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Рӯзи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар эътироф шудааст. Он бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди соҳаи варзиш байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо мебошад. Ин рӯз аз тарафи ЮНЕСКО моҳи ноябри соли 2015 дар иҷлосияи 38-уми  Конференсияи генералии Париж таъсис дода шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Варзиш инчунин воситаи асосии таҳкими дӯстӣ байни инсонҳо буда, ба ибораи дигар,  омили муҳими ҷаҳоншиносӣ барои донишҷӯён ва ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва давлатҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.

Ҳамин аст, ки солҳои охир дар мамлакат баҳри баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯён корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, ташкил ва баргузор намудани фестивалу мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён аз ин қабил дастгириҳо аст, ки  ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди соҳаи варзиш байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат мусоидат менамояд.

Имрӯз донишҷӯёни тоҷик низ ба варзиш рағбати зиёд дошта, маҳорати худро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳанд. Аз ҷумла, моҳи августи соли равон аз Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбурги Русия 3 медали тилло ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.


Ҳамзамон барои рушди соҳаи варзиш имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ  толорҳои замонавии варзишӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷӯён дар онҳо ба машқу тамрин машғул мебошанд.

Яке аз онҳо Маҷмааи муосири варзишӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Он моҳи августи соли равон  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.

Он дар масоҳати 17 ҳазору 406 метри мураббаъ сохта шуда, аз толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, толори маҳси бадан, осорхонаи варзишии донишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.

Дар қисми дуюми бино толори умумии варзиш бо навтарин таҷҳизот ташкил гардидааст. Дар таҳхонаи ин қисмати иншоот толори вазнбардорӣ (фитнес) ҷойгир аст. Дар толори вазнбардорӣ навтарин таҷҳизот барои обу тоби бадан мавҷуд буда, шароити машқу тамрин низ мукаммал фароҳам гардидааст.

Масоҳати толори умумии варзиш дар қисми дуюми маҷмааи муосири варзишӣ 4320 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ин толор барои баргузор намудани намудҳои варзиши волейбол, баскетбол ва футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 980 ҷойи нишаст мебошад.

Қисми сеюми маҷмаа аз толори гимнастика ва толори хурди умумии варзиш иборат мебошад. Масоҳати умумии ин қисми иншоот ба 2592 метри мураббаъ баробар аст. Толори хурди умумии варзишӣ, ки дар таҳхона ташкил  шудааст, дорои шароити мукаммал барои машқу тамрин аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, ҷудо, бокс, карате ва муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.

Ҳавзи калони шиноварӣ дар қисми чоруми маҷмааи муосири варзишӣ ташкил шуда, масоҳаташ 4320 метри мураббаъ мебошад. Паҳноии ҳавзи шиноварӣ 21 метр ва дарозиаш 50 метр буда, аз 8 қатор ва 732 ҷойи нишаст иборат аст. Шароити фароҳамгардида дар ҳавзи шиноварӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон дар ин қисмат толорҳои гуногуни хизматрасонӣ ҷой дода шудаанд.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2023 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд