ОМӮЗИШРО БО ВАРЗИШ ОМЕЗИШ ДИҲЕД! 20 сентябр Рӯзи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар эътироф шудааст
ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Рӯзи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар эътироф шудааст. Он бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди соҳаи варзиш байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо мебошад. Ин рӯз аз тарафи ЮНЕСКО моҳи ноябри соли 2015 дар иҷлосияи 38-уми Конференсияи генералии Париж таъсис дода шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Варзиш инчунин воситаи асосии таҳкими дӯстӣ байни инсонҳо буда, ба ибораи дигар, омили муҳими ҷаҳоншиносӣ барои донишҷӯён ва ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва давлатҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.
Ҳамин аст, ки солҳои охир дар мамлакат баҳри баланд бардоштани маҳорати варзишии донишҷӯён корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, ташкил ва баргузор намудани фестивалу мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён аз ин қабил дастгириҳо аст, ки ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷӯён ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди соҳаи варзиш байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат мусоидат менамояд.
Имрӯз донишҷӯёни тоҷик низ ба варзиш рағбати зиёд дошта, маҳорати худро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳанд. Аз ҷумла, моҳи августи соли равон аз Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбурги Русия 3 медали тилло ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳамзамон барои рушди соҳаи варзиш имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ толорҳои замонавии варзишӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷӯён дар онҳо ба машқу тамрин машғул мебошанд.
Яке аз онҳо Маҷмааи муосири варзишӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Он моҳи августи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.
Он дар масоҳати 17 ҳазору 406 метри мураббаъ сохта шуда, аз толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, толори маҳси бадан, осорхонаи варзишии донишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.
Дар қисми дуюми бино толори умумии варзиш бо навтарин таҷҳизот ташкил гардидааст. Дар таҳхонаи ин қисмати иншоот толори вазнбардорӣ (фитнес) ҷойгир аст. Дар толори вазнбардорӣ навтарин таҷҳизот барои обу тоби бадан мавҷуд буда, шароити машқу тамрин низ мукаммал фароҳам гардидааст.
Масоҳати толори умумии варзиш дар қисми дуюми маҷмааи муосири варзишӣ 4320 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ин толор барои баргузор намудани намудҳои варзиши волейбол, баскетбол ва футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 980 ҷойи нишаст мебошад.
Қисми сеюми маҷмаа аз толори гимнастика ва толори хурди умумии варзиш иборат мебошад. Масоҳати умумии ин қисми иншоот ба 2592 метри мураббаъ баробар аст. Толори хурди умумии варзишӣ, ки дар таҳхона ташкил шудааст, дорои шароити мукаммал барои машқу тамрин аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, ҷудо, бокс, карате ва муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.
Ҳавзи калони шиноварӣ дар қисми чоруми маҷмааи муосири варзишӣ ташкил шуда, масоҳаташ 4320 метри мураббаъ мебошад. Паҳноии ҳавзи шиноварӣ 21 метр ва дарозиаш 50 метр буда, аз 8 қатор ва 732 ҷойи нишаст иборат аст. Шароити фароҳамгардида дар ҳавзи шиноварӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон дар ин қисмат толорҳои гуногуни хизматрасонӣ ҷой дода шудаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»









Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






