ҶОМИ КФО-2023/24. Замони баргузори бозии дастаҳои «Равшан» ва «Алтин Асир» муайян шуд

Сентябрь 27, 2023 08:51

ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 5 октябр дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон дар сафар бозӣ менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки 21 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Марв»-и Туркманистон дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО 2023/24 бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуда, ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфта буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2023 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!