ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Суғд ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ баргузор шуд

Сентябрь 18, 2023 17:30

ДУШАНБЕ, 18.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Суғд ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зимистонгузаронӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Раиси вилоят, аъзои Ситоди вилоятии омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023  Ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 иборат аз 27 банд тасдиқ шудааст.

Вобаста ба ин дар ҳамаи сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдор ба имзо расида, ситодҳо таъсис дода шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар муассисаҳои маорифи вилоят талабот ба ангишт 17193,0 тонна ва ҳезум 8104,3 м3 муайян шудааст. Дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ захира намудани 5163,3 тонна ангишт ва 1431,6 м3 ҳезум ба нақша гирифта шуда, захиракунӣ дар арафаи анҷом қарор дорад.

Муовини якуми Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи омодагӣ ба иҷрои пурраи нақша, захира намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва захираи маводи асосии гармидиҳӣ ба мутасаддиён супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 18, 2023 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад