ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат бо ангишти хушсифат таъмин мегарданд

Сентябрь 19, 2023 09:16

ВАҲДАТ, 19.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат  нақшаи тадбирҳои  омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани  давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таъсис дода шуд. 

Тавре масъулини шаҳри Ваҳдат ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар доданд, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024»   дар соҳаи маориф зиёда аз 450 тонна ангишт, 720 куб ҳезум, 1123 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Талаботи муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ барои тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 дар шаҳри Ваҳдат 1180 тонна ангишт, 800 куб ҳезум ва 1250 литр сӯзишвории дизелӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти роҳбарияти кони ангишти Сайёди шаҳр,  то 25 сентябр  соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр тибқи шартномаҳои бастаи муассисаҳои таълимӣ пурра бо ангишти хушсифат таъмин мегарданд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода аз ҳисоби буҷети шаҳри Ваҳдат барои харидани  ангишт ва ҳезуму  сӯзишворӣ 634 ҳазору 100 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То 16 августи соли равон аз ин ҳисоб 323 ҳазору 50 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Захираи ангишту ҳезум дар сохторҳои давлатӣ ва аҳолии шаҳри Ваҳдат муташаккилона идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид